Бозсозии Теппаи Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, ки  бо сабаби садамави буданаш чанд сол аст, дарҳои хуро ба руйи  тамошобинонаш бастааст, рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Дар ин маврид зимни нишасти хабарии Раёсати  сохтмони асосии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки  Теппаи Қӯрғон бо дастгириву маблағгузории МИҲД-и вилояти Хатлон бозсозӣ мешавад. Лоиҳааш омода шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмониаш аз ҷониби Меъмории шаҳрсозии шаҳри Душанбе оғоз карда шавад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки барои бозсозии иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети вилоят дар соли 2024-ум  4,9 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ сохтмони Амфитеатр, чойхона, бинои шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар дар назар гирифита шудааст.

Барои пурра босозии Теппаи Қӯрғон тибқи ҳисобҳои пешакӣ 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки корҳои сохтмонии он соли 2024-ум оғоз шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлоли давалтии кишвар, яъне соли 2026-ум, ба истифода дода мешавад.

Пайдоиши Теппаи Қӯрғон аз асрҳои 1-2 оғоз ёфтааст. Он муъҷизаи табиат набуда, кор даст одам аст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои 19-20 қалъаи беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будаст. Теппа муҳимтарин мавзеъ барои сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь