Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Давлати Кувайт дар Тоҷикитон баргузор гардид.

Ёрдамчии ПрезидентиТоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода, муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт  доктор  Бадр ал-Дувайшӣ дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ карда, баргузории чунин маъракаҳоро барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни давлатҳо зарур шумориданд.

Гуфта шуд, аҳли фарҳанги Тоҷикистон соли 2018 ба Кувайт сафари ҳунарӣ карда буданд, аммо Рӯзҳои фарҳанги давлати Кувайт дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор мегардад.

Филми мустанад, ки аз таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Точикистону давлати Кувайт нақл мекард, намоиш дода шуд.

Тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҳарду ҷониб ба ҳамдигар тақдим гардиданд.

Аз Вазорати фарҳанги кишвар гуфтанд, ки Рӯзҳои фарҳанги давлати Қувайт дар Тоҷикистон аз 14 то 18 октябри соли равон идома хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь