Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия дар асоси натиҷаҳои коркарди 100 дарсади протоколҳо маълум кард, тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Федератсияи Русияро дар овоздиҳии умумихалқӣ 77,92% овоздиҳандагон дастгирӣ кардаанд.
Тибқи маълумоте, ки дар маркази иттилоотии КМИ интишор шудааст, 21,27% овоздиҳандагон муқобили тағироти конститутсионӣ буданд. Тибқи маълумотҳои охирин, иштироки умумии мардум 65 дарсадро ташкил дод.
Овоздиҳии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия дар тамоми қаламрави Русия соати 21:00 бо вақти Маскав рӯзи чоршанбе ба охир расид. Рӯзи асосии овоздиҳӣ 1 июл аст, аммо мардум метавонистанд аз 25 то 30 июн овоз диҳанд. Ин кор барои мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус анҷом дода шуд. Ҳисобкунии овозҳо дар ҳамаи ҳафт рӯзи овоздиҳӣ гузаронида мешавад.
Тибқи қонун, барои эътибор пайдо кардани тағйирот бояд онро аз нисф зиёди онҳое, ки дар овоздиҳӣ ширкат варзиданд, дастгирӣ кунанд, дар ҳоле ки ҳадди ниҳоии овоздиҳӣ муайян нашудааст.