Тӯли як рӯзи охир дар Русия беш аз 5 ҳазору 642 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор карда шудаааст. “Тайи 24 соати охир дар Русия ҳолатҳои сирояти COVID-19 дар 78 минтақа дар 5 ҳазору 642 нафар ба қайд гирифта шудааст”, – омадааст дар қарори Вазорати тандурустии ин кишвар.
Мувоффиқи иттилои Интерфакс дар маҷмӯъ, дар Русия дар 85 минтақа 52 ҳазору 763 ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 3 ҳазору 83 ҳолати навро дар Маскав ба қайд гирифтаанд, бинобар ин шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар пойтахти Русия ба 29 ҳазору 433 нафар баробар шудааст.
Дар Русия дар давоми як рӯз 51 нафар сироятёфта фавтидаанд, ки 29 нафари онҳо дар Маскав будаанд. Дар тамоми давраи дунёгир шудани ин вирус дар Русия 456 нафар бо ин ташхис ҷон бохтаанд.
Давоми рӯз дар Русия 427 нафар сироятёфтаи коронавирус пас аз шифо ёфтан аз беморхонаҳо рухсат шудаанд. То имрӯз дар Федератсияи Русия ҳамагӣ 8 ҳазору 773 нафар шифо ёфтаанд.