Президенти ФР Владимир Путин дар бораи шаҳрвандони Русия, ки аз оғози басич дар Федератсияи Русия кишварро тарк кардаанд, сухан гуфт.
«Ман баҳои эҳсосотӣ не, балки ҳуқуқӣ доданро афзал медонам… Касе аз чизе тарсида рафт, касе аз сафарбар шудан гурехт, каси дигар бо ягон сабаб. Дар ҳар ҳолати мушаххас бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, нисбат ба шахси мушаххас танҳо дар ҳамин асос амал бояд кард. Ба назари ман, дигар хел амал кардан ғайриимкон аст», – гуфт Путин дар нишасти матбуотӣ дар Остона.
Ёдовар мешавем, ки Путин зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта буд, ки басичи “ҷузъӣ” дар Русия дар тӯли ду ҳафта ба поён мерасад.
Дар рӯзи аввали пас аз эълони басия ширкатҳои ҳавопаймоӣ аксари билетҳоро ба кишварҳои ҳамсояи бидуни раводид фурӯхтанд. Дар сарҳад бо Гурҷистон, Қазоқистон ва Финландия роҳбандӣ ба вуҷуд омад. Танҳо дар ҳафтаи аввали басия қариб 100 000 рус вориди Қазоқистон шуданд.
Ба гузориши РБК, сиёсатмадорони рус пешниҳод кардаанд, нисбати афроде, ки хориҷ шуданд, таҳримҳои мухталиф ҷорӣ кунанд. Аз ҷумла, Владимир Константинов, раиси “Шӯрои давлатӣ”-и Қрим пешниҳод кардааст, шаҳрвандоне, ки пас аз эълони басия аз Русия рафтаанд, ба феҳристи афроди таҳти таъсири хориҷӣ шомил карда шаванд. Ӯ онҳоеро, ки пас аз эълони сафарбаркунии қисман тарки кишвар кардаанд, “хоин ва тарсончак” номида, қайд кард, ки “кам” нафароне ҳастанд, ки бо сабаби узр аз марз убур кардаанд.