Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин пешниҳод кард, тарҳи қонунеро омода кунанд, ки бар асоси он муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони нави Русия то ду сол ва синни даъват барои онҳо боло бурда шавад.

Дастури таҳияи лоиҳаи қонун ба муовини раиси Думаи давлатӣ Ирина Яровая, раиси Кумитаи дифоъ Андрей Картаполов, муовини аввали раиси ҷиноҳи «Русияи воҳид» Дмитрий Вяткин ва раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ Александр Хинштейн дода шудааст.

Тахмин меравад, ки шарти гирифтани шаҳрвандии Русия метавонад сабти ном дар ќайди њарбї гузоштан, ки ҳамзамон бо гирифтани шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Русия сурат мегирад, бошад.

Думаи давлатӣ барои пурзӯр кардани назорат бар иҷрои уҳдадориҳои низомии шаҳрвандони нави Русия иқдом мекунад. Барои онҳо муҳлати хидмати ҳарбӣ то ду сол ва синни даъват боло бурда мешавад. Қарор аст, ин ислоҳот то анҷоми иҷлосияи баҳорӣ баррасӣ шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь