Рӯзи 22-юми октябр дар Қазон (Тотористон, Русия) нишасти сарони кишварҳои узви BRICS ва намояндаҳои кишварҳои нозиру меҳмон оғоз шуд.

Дар ин чорабинӣ раисиҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ низ ширкат доранд. Раисиҷумҳури Бразилия бо сабаби осеби сараш 3 рӯз пеш аз нишаст сафарашро лағв кард.

BRICS ин паймони кишварҳои Бразил, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ буд, ки баъдтар, аз 1-уми январи соли 2024, кишварҳои Эрон, Белорус, Миср, Яман, Аморати Араб ва Ҳабашистон ба он шомил шуданд. Дар умум дар ин нишаст аз 36 кишвари дунё намояндаҳо ширкат доранд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин саммит иштирок мекунад.

ВАО хабар медиҳанд, ки дар ин нишаст қарор аст, Туркия ба он BRICS аъзо шавад. Ба ҳар ҳол Эрдуғон дар ин нишаст ҳузур дорад.

Ҳамчунин, котиби генералии СММ Антониу Гутериш ба ин нишаст даъват шудааст ва ширкат ҳам дорад. Вазорати корҳои хориҷии Укроин аз ин сафари ӯ изҳори норозигӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь