Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанду дар зиндонҳои ин кишвар адои ҷазо мекунанд, ба таври оммавӣ маҷбур мекунанд, бо Вазорати дифои Русия барои ширкат дар ҷанги Украина шартнома банданд. Дар ин бора як маҳбус бо номи Ҷовид аз Тоҷикистон дар суҳбат бо “Current Time” хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, асирон ба ҷанг рафтан намехоҳанд, аммо дар маҳбас муддати тӯлонӣ зиндагӣ кардан ҳам ғайриимкон аст. Бархе аз зиндониён ба ҷойи даст кашидан аз шаҳрвандӣ ва бастани шартнома бо Вазорати дифоъ худкуширо авлотар медонанд.

“Агар шумо имзо нагузоред, шуморо ба камераи муҷозот мебаранд. Агар шумо дар бораи даст кашидан аз шаҳрвандӣ имзо кунед, ариза ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Баъд коғазҳои заруриро пур карда, ба ҷанг гусел мекунанд. Намедонам, шояд худи онҳо ба коғазҳо аз номи мо имзо гузоранд. Дар ин ҷо ҳама чиз метавонад рӯй диҳад”, гуфтааст Ҷовид.

Гуруҳе аз зиндониёни муҳоҷир аз зиндоне, ки Ҷовид дар он нигаҳдорӣ мешавад, бо ирсоли як нома гуфтаанд, ки дар он ҷо ҳудуди 400 зиндонӣ ҳастанд, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Ӯзбекистонро доранд. Онҳо мегӯянд, ба далели эътиқоди мазҳабӣ бо онҳо дағалона рафтор ва таҳқир мекунанд

Гузоришҳо дар бораи фиристодани муҳоҷирон дар Русия ба ҷанг дар Украина ҳанӯз соли 2023 пайдо шуда буд. Мақомоти интизомии кишвар пайваста дар корхонаҳое, ки муҳоҷирони корӣ дар онҷо кор мекунанд, рейдҳо мегузаронанд. Ба онҳо даъватнома ба хизмати ҳарбӣ дода мешавад, ё мустақиман ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда мешаванд. Ба муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, ваъда дода мешавад, ки дар сурати имзои қарордод бо Вазорати дифоъ шиносномаи ин кишварро зудтар дарёфт мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь