Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия эъломияи даромади Владимир Путин, номзади сабтиномшуда дар интихоботи президентии Русияро нашр кард. «Коммерсант» аввалин шуда ба ин диққатдод, қайд мекунад Медуза.

Дар тӯли шаш сол, аз соли 2018 то 2022, Путин 67 миллиону 591 ҳазору 875,34 рубл даромад гирифтааст. Ин маоши президенти Федератсияи Русия, даромад аз пасандозҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок, инчунин нафақа, аз ҷумла нафақаи ҳарбӣ ва фурӯши амвол мебошад.

Дар эъломияи Путин, чун дар соли 2018, вақте ки ӯ бори охир ба Комиссияи марказии интихобот гузориш дод, гуфта мешавад, ки вай дар Санкт-Петербург як хонаи 77 метри мураббаъ ва як гараж бо масоҳати 18 метри мураббаъ дар ҳамон ҷо дорад.

Ҳамчунин, феҳристи мошинҳои моликияти ӯ тағйир наёфтааст: ду ГАЗ М21, истеҳсоли солҳои 1960 ва 1965, ВАЗ 2121 аз соли 2009 ва ядаки «Скиф» аз соли 1987.

Путин мисли пештара 230 саҳмияи Бонки Санкт-Петербург дорад (нархи як саҳмия дар биржаи Маскав 280,49 рубл аст).

Дар тӯли шаш сол шумораи суратҳисобҳои бонкие, ки ба номи Путин сабт шудаанд, аз 13 ба 10 коҳиш ёфт. Ҳамзамон, ҳаҷми пасандозҳо дар онҳо тақрибан чаҳор баробар – аз 13,8 миллион рубл ба 54,4 миллион афзоиш ёфтааст.

Дар 12 соли охир ҳаҷми пасандозҳо тақрибан даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Дар соли 2012 Путин хабар дода буд, ки дар суратҳисобҳояш 5,7 миллион рубл мавҷуд аст.

Котиби матбуотии ситоди интихоботии Владимир Путин Александра Суворова ба “Коммерсант” гуфтааст, маблағи даромади ӯ дар шаш сол пеш аз ҳама аз маоши ӯ дар мақоми президент иборат аст. Илова бар ин, ӯ дар соли 2017 қитъаи заминеро, ки дар ноҳияи Маскав ба ӯ тааллуқ дошт, фурӯхтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь