Хазинаи миллии сарватҳои табии Русия гуфтааст, ки барои кам кардани коҳиши нархи нефт ва фурӯхтани як бушкаи он бо арзиши аз 6 то 10 доллар, барои 6-10 сол, захираи кофӣ дорад. Дар ин бора Агнетии иттилоотии Ал-Арабия хабар додааст.

Дар изҳороти мазкур омадааст, ки нархи нефт рӯзи 9-уми март ба бузургтарин коҳиши якрӯза пас аз соли 1991 бо фурӯшҳои фючерсӣ баробар шуда, тақрибан 25 дарсад коҳиш ёфтааст.

– Дурнамои нефт ҳоло бо назардошти пастшавии глобалӣ дар натиҷаи коронавирус ва фурӯпошии Созмони мамлакатҳои содиркунандаи нефт хеле манфӣ аст. Бубинед, ки нефти Brent дар ин муҳит ба 40 доллари амрикоӣ баробар шудааст, – гуфтааст таҳлилгари платформаи савдои хориҷӣ Ҷеффри Ҳеллӣ.

Аъзои СМСН ва даҳ узви дигари  он, аз ҷумла Русия, ҳафтаи гузашта дар Вена бо мақсади муҳокимаи масоили марбут ба тавлиду содироти нефт мулоқот карданд. Музокираи мазкур пас аз он ба амал омад, ки Русия ба афзоиши коҳиши 1,5 миллион бушка дар як рӯз розӣ нашуд.

Лекин Арабистони Саудӣ ба мувофиқае расидааст, ки тибқи он розӣ аст, тавлиди нефтро ба 2 миллион бушка расонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь