Аз оғози соли нав муҳоҷирон дар Русия барои фаъолияти ғайриқонунӣ аз ин кишвар ихроҷ ва корфармоёнашон ҷаримаи сангин хоҳанд шуд, хабар медиҳад Спутник Тоҷикистон бо истинод аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия.

Дар хабар гуфта мешавад, ки шаҳрвандони хориҷиро метавонанд аз якуми январ барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ аз Русия ихроҷ кунанд.

“Барои шуғли ғайриқонунӣ бар иловаи ҷарима ба маблағи то панҷ ҳазор рубл мумкин аст, нисбат ба хориҷиён чораҳои марбут ба ихроҷ аз Русия ва манъи вуруди бозгашт низ андешида шавад”, – гуфтаанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Аммо ин муҷозоти сангин барои нақзи қонун на танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми кори ғайриқонунӣ шиносоӣ мешаванд, балки ба корфармоёни онҳо низ дахл хоҳад дошт.

Онҳо барои ба кор қабул кардани чунин кормандон ҷаримаи ҳангуфте хоҳанд дод.

Корфармоён барои ҳар як нафар то 800 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд.

Агар дар ҷои кор муҳоҷирон бештар бошанд, он гоҳ мизони ҷарима ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь