Дар Федератсияи Русия 200 рӯзноманигор ба коронавирус сироят ёфта, панҷ нафар ҷон додаанд, гуфтааст раиси Иттифоқи журналистони Русия Владимир Соловёв.
Ба гуфтаи вай, дар саросари ҷаҳон тақрибан 60 рӯзноманигори мубтало ба коронавирус ба ҳалокат расидаанд. Соловёв қайд кардааст, ки журналистон, ба монанди табибон, дар сафи пеши мубориза бо вирус қарор доранд. Вай инчунин “бӯҳрони шадидро дар ҳама бахшҳои ВАО” қайд кардааст.
Субҳи 12-уми май дар Русия, тибқи маълумоти расмӣ, шумораи одамоне, ки ба коронавируси навъи Covid-19 сироят ёфтаанд, 232 ҳазору 243 нафарро ташкил медиҳад.
Блоки рекламавӣ