Имрӯз дар Душанбе муаррифии тадқиқоти МТЖТ дар мавзӯи “Никоҳи бармаҳал: Омилҳои ҷудоӣ ва худкушӣ” доир гардид. Нишасти мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” ва сарпарастии Бунёди канадагии “Ташаббусҳои маҳаллӣ”доир шуд.

Дар оғози муаррифнома раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон” Хуршед Атовулло қайд кард, ки мувофиқи омори Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар соли гузашта 82 556 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 11013 никоҳ бекор карда шудааст, ки нисбати соли 2017 ҳазор ҳолат бештар аст. Давоми соли 2018 дар тамоми кишвар 236 зан даст ба худкушӣ задаанд.

“Мутаасифона шудошавии оилаҳо ва худкушӣ дар байни ҷавондухтарон сол аз сол мефзояд. Аз ин лиҳоз, мо хостем сабаби асосии ин омилҳоро аз худи сокинон пурсон шавем, то ба натиҷагирӣ аз пурсиш роҳҳои пешгирӣ пешниҳод шаванд. Тадқиқоти мазкур дар 17 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он 2500 нафар иштирок кардаанд”, – қайд кард ӯ.

Тавре дар муаррифонома зикр шуд, 33% пурсидашудагон сабаби никоҳи барвақтиро дурӣ аз таҳсил медонанд, 33,2%урфу одат, 20,6% камбағалӣ ва 15% таъсири омилҳои динӣ.

Қариби нисфи пурсидашудагон (44,7%) гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ ба ҷанҷолҳои оилавӣ оварда мерасонад. Сеяки пурсидашудагон (35,8%) қайд кардаанд, ки никоҳи барвақтӣ натиҷааш ҷудоӣ аст. 9,4% пурсидашудагон гуфтаанд, ки никоҳи барвақтӣ боиси гирифтори бемориҳои гуногун мешавад. 8,1% сеяки пурсидашудагон (32,1%) сабаби никоҳи маҷбуриро дурӣ аз таҳсил, 31,7% урфу одат, 19,4% камбағалӣ ва 12,7% таъсири омилҳои динӣ шуморидаанд.

Сабаби ҷудошавии оилаҳо аз назари пурсидашудагон: 38,8%-никоҳи бармаҳал ва маҷбурӣ, 28,6%-муҳоҷират ва мушкилоти иқтисодӣ, 17,2% фишори хешовандони домод, 12,8 дурӣ аз фармудаҳои динӣ.

Ба ақидаи бештар аз сеяки (37,2%) сабаби худкушӣ, бесаводӣ буда, 31,9% ба ин андешанд, ки омили аслӣ хушунати хонаводагӣ аст. Ҳамчунин, 14,9% гуфтаанд, ки сабаб никоҳи бармаҳал буда, 13,6% никоҳи маҷбуриро сабаб донистаанд.

Ба муаррифнома намояндагони Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, ВАО, ташкилотҳои вобаста ба занон даъват шуда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь