Шуруъ аз имрӯз то 25 июли соли 2025 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Карамов дар пойтахти Тоҷикистон муваққатан қатъ мегардад.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар дода, гуфтаанд, ки дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва навсозии кӯчаи Низомии Ганҷавӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда шудааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя карда, аз роҳҳои ҳамшафат гузаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь