Соли гузашта дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба маблағи 1 миллиону 280 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллидошта таъмир шуда, айни замон таъмири дигар роҳҳо идома дорад.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун Шарифҷон Сайҷонов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки соли гузашта 3 километр роҳ дар ноҳия таъмири асосӣ шуда, беш аз 48 километр сангфарш ва 14 километри дигар таъмири ҷорӣ гардиданд. Номбурда афзуд, ки 3 пул ва як қубур аз таъмир бароварда шуданд.
Қайд гардид, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар бо харҷи 244 ҳазор сомонӣ зиёде аз 100 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 41,5 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта таъмири ҷорӣ карда шуданд.
– Аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати ноҳия барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ соли 2022-юм 110 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бо ин маблаг роҳҳои маҳалӣ таъмир шуданд, – афзуд ӯ.