Дар 9 моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини  Балхӣ бо дасгирии Вазорати нақлиёти кишвар ва соҳибкорон 6 км роҳ таъмири ассосӣ карда шуда, беш аз 100 км роҳи дигар таъмири ҷорӣ шудааст, ки маблағи он наздики 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сардори Муассисаи давалтии нишоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур М. Салимзода гуфт, ки  таъмири зиёда аз 12 км роҳ бо харҷи 517 ҳазору 500 сомонӣ бо маблағгузории соҳибкорон ва аҳолӣ ба анҷом расонида шудааст.

Манбаъ ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 164 ҳазору 160 сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти  маҳалии ноҳия 17 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо  ҷудо гардида аст, ки бо ин маблағ низ қисмате аз роҳҳо таъмир карда шуданд.

Дар ин давра 67 пули дигар низ таъмир шуда, даҳҳо аломатҳои роҳ насб карда шуданд, илова кард сардори муассиса.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь