7 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт. Дар ин ноҳия Роҳбари давлат се корхонаро мавриди истифода қарор дод.
Нахуст Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ кард. Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр индастриал” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия корхонаи гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи гаҷ”-ро ба истифода дод. Фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гаҷкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст. Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гаҷкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад. Дар корхона 45 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст.