Роҳи миёни шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух, ки 5 рӯз боз бо сабаби муноқиша байни сокинони деҳоти наздимарзӣ бо Қирғизистон баста аст, пас аз чанд соати дигар кушода хоҳад шуд.

Дар ин бора чанд дақиқа пеш муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим дар суҳбат бо рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Азим Иброҳим гуфт, тарафҳо ба мувофиқа омадаанд, ки то охири соли равон роҳи асосӣ ба самти Ворух асфалтпӯш карда мешавад ва роҳи Оқсой-Тамдиқ танҳо барои чарогоҳ сохта ҳоҳад шуд.

Ҳамчунин, қайд шуд, нафароне, ки дар муташанниҷ гардидани вазъияти рӯзҳои 13-14-уми март даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дар натиҷаи муноқишаи рӯзи 13-уми март дар марз бо Тоҷикистону Қирғизистон, ки миёни сокинони қирғизи деҳаи Оқсой ва тоҷикони ҷамоати Ворух сар зад, як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия ба ҳалокат расидаанд ва 39 сокини ҷамоатҳои Ворух ва Хоҷаи Аъло ҷароҳат бардоштанд.

Воситаҳои ахбори оммаи Қирғизистон бо такя ба иттилои вазорати тандурустии кишварашон хабар медиҳанд, аз он ҷониб се нафар ҷароҳат бардошта, дар бемористони вилояти Ботканд бистарӣ гардидаанд, ки яке аз онҳо дар бахши эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор доштааст.

Феълан гуфтугӯҳо миёни шахсони масъули Тоҷикистону Қирғизистон идома дорад ва аз дирӯз боз барои ҳамоҳангсозии кори мақомоти давлатии ду кишвар ва ба эътидол овардану ҳалли вазъияти баамаломада дар марз бо давлати ҳамсоя ба шаҳри Исфара гуруҳе аз мансабдорони баландпояи мақомоти гуногуни давлатии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь