Дар Душанбе аз 1-уми март бо тасмими шаҳрдорӣ тарофаи роҳкиро, ки чанд пеш танзиму роҳандозӣ ва то дирӯз мавқуф гузошта шуда буд, дубора дар нақлиёти мусофирбар ҷорӣ гардид.
Гуфта мешавад, ки микроавтобусҳои мусофирбар акнун мувофиқи қойида дар ҷойҳои муайяншуда ист мекунанд ва берун аз истгоҳ таваққуф кардану мусофир гирифтан, ё фуровардан, мумкин нест. Ҳамчунин, чун пештара микроавтобусҳо ҳақ надоранд, ки аз меъёр зиёд мусофир савор кунанд. Дар ҳолати ба чунин қойидвайронкунӣ роҳ додан, нақлиёт аз ҳаққи мусофиркашонӣ маҳрум карда мешавад.
Шаҳрдории Душанбе аз 15-уми феврал қароре ба тасвиб расонида буд, ки мувофиқи он ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути автобусҳо -1,20 (як сомонию бист дирам); троллейбусҳо -1,00 (як сомонӣ); автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо) -1,60 (як сомонию шаст дирам); автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда – 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам); автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кутоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар – мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ муқарар гардида аст.