Роҳбари собиқи лоиҳаи “Манзили дастрас”, яке аз тарҳҳои овозадори шаҳрдории пешини Душанбе, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ки боздошти Нурулло Наимов ва се зердасташ бар асоси шикояти муштариёни “Манзили дастрас” сурат гирифтааст. Ҳадаф аз ин барнома таъмини мардуми ниёзманд, бахусус аҳли фарҳанг, омӯзгорону табибон ва кормандони буҷавӣ бо манзили арзон дар пойтахт буд, вале сохтмони хонаҳо тӯл кашид ва даҳҳо нафар шикоят доранд, ки пул додаанд, вале то ҳол соҳиби хона нашудаанд.

Алайҳи роҳбари пешини “Манзили дастрас” тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шудаааст.

Раиси тарҳи “Манзили дастрас” Нурулло Наимов дар моҳи августи соли ҷорӣ муваққатӣ аз масъулияташ дур шуда, ба ҷои ӯ Парвиз Абдураҳимзода корро оғоз карда буд. Рустами Эмомалӣ дар тобистони соли ҷорӣ аз прокуратура тақозо карда буд, то амалкарди масъулини сохтмони “Манзили дастрас”-ро тафтиш кунанд.

Масъулини “Манзили дастрас” мегӯянд, ҳоло ҳудуди 80 дарсади корҳо дар ин тарҳҳо иҷро шудааст ва талош мекунанд, ҳар чӣ зуддтар хонаҳо дастраси соҳибонашон гарданд. Муштариёне, ки феълан мехоҳанд хона гиранд, бояд 75-80 дарсади маблағро пешпардохт намоянд.

Ҳоло нархи як метри квадратӣ аз хонаҳои манзили дастрас аз 1981 то 4501 сомонӣ нишон дода шудааст. Нархи хонаҳо ба ҷойгиршавии он дар кадом ошёнаҳо вобаста аст. Барои як метри квадратӣ дар ошёнаи 18-ум 1981 сомонӣ ва дар ошёни дувум 4501 сомонӣ гуфта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь