Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Муҳаммад Шодиён аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кушониён-27 ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Чуноне, аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Кушониён хабар медиҳад, номзадии Муҳаммад Шодиён дирӯз, 9-уми январ, дар конференсияи якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ва Балхӣ аз тарафи вакилони конференсияи якдилона дасгирӣ ёфт.
Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар вилояти Хатлон то ба имрӯз аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар вилоят фаъолияткунанда даҳ нафар номзадии худро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кардаанд.
Инҳо Гавҳар Шарофзода аз ҳавзаи Ҷайҳун-33, Ҳоким Холиқзода аз ҳавзаи Балхӣ-30, Бахтовар Сафарзода аз ҳавзаи Вахш-32, Толибҷон Азимзода аз ҳавзаи Ёвон-29, Гулбаҳор Ашурзода аз ҳавзаи Ҷомӣ-28, Ҳакимзода Шариф аз ҳавзаи Кӯлоб-39, Саъдулло Раҳимзода аз ҳавзаи Муминобод-38, Лутфия Абдухолиқзода аз ҳавзаи Данғара -36, Саидбурхон Шарипов аз ҳафзаи Бохтар-26 ва Муҳаммад Шодиён аз ҳавзаи Кушониён- 26 пешниҳод шудаанд.
Дар баробари номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ, ҳамчунин, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон муовини раиси ҳизб Сарвиноз Маҷидоваро ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаи якмандатии Бохтар-26 пешбарӣ кардааст.