Ба муносибати ҷашнҳои миллии кишварСада, Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷоизаи «Беҳтарин матлаби рӯзноманигорӣ дар бораи ҷашнҳои миллӣ»ро эълон кард. Дар ин бора ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Хушвахтзода гуфт, озмуни мазкур то ҷашни Наврӯз идома карда, факултети журналистикаи донишгоҳ ва дигар шахсони марбут ба таърих ва рӯзноманигорӣ ба он машғул мешаванд.

– Озмун дар арафаи иди Наврӯз ҷамъбаст шуда, беҳтаринҳо аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд, – гуфт ректор.

Ҳамзамон, дар ин нишаст нашрияи «Тоҷикистон» ҷоизаи «Беҳтарин ректори сол»-ашро, ки дар ахири соли 2021 ба таври онлайнӣ гузаронида буд, ба Қобилҷон Хушвахтзода супорид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь