Факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, зарурати таъсиси он, интиқоли бархе аз донишҷӯёнаш ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва рақобатпазир будани мутахассисони ин даргоҳ дар бозори меҳнат суолҳое буданд, ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ аз ректори ДМТ пурсида шуданд.
Ректори ДМТ Насриддинзода Эмомалӣ гуфт, масъалаи интиқоли донишҷӯён аз рӯи санаду меъёрҳои донишкадаву донишгоҳ вуҷуд дорад, ба шарте ки ба тахассус рост бигирад.
– Дуруст аст, ки аз факултети тиббии ДМТ ба ДДТТ донишҷӯён интиқол мегиранд, аммо ҳолати баръакси гузариши толибилмони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳам ба донишгоҳи мо вуҷуд дорад. Ду ихтисоси факултети тиббӣ – “Кори табобатӣ” ва “Кори тиббию ташхисӣ” шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалиро ба даст овардаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мутахассисони боргоҳи мазкур ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Ба ихтисосҳои факултети тиббии ДМТ шарҳвандони хориҷӣ низ рӯ оварда истодаанд. Раванди таълим дар ихтисосҳои мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам боло бурдани касбияти донишҷӯён дар ин соҳа ба наздикӣ бунгоҳи саломатӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Ҳамчунин, ДМТ бо чанд муаассисаи самти тандурустӣ ва пойгоҳҳои таҷрибавӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Ҳамчунин, то соли 2025 дар “Шаҳраки донишҷӯён” бинои панҷошёнаи иборат аз таҳхона ба истифода дода мешавад, ки дар он “Поликлинника-озмоишгоҳ” низ фаъолият хоҳад кард, – гуфт ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода.
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 дар ДМТ дар заминаи факултети тиббию форматсевтӣ факултети тиббӣ таъсис дода шуд. Факултети мазкур аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Кори тиббӣ-ташхисӣ, “Дандонпизишкӣ” фаъолият карда, дар он 13 кафедраи тахассусӣ: “Кафедраи терапия”, “Кафедраи ҷарроҳии 1”, “Кафедраи ҷарроҳии 2”, “Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ”, “Кафедраи морфологӣ”, “Кафедраи физиология ва анатомияи патологӣ бо тиббӣ-судӣ”, “Кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ”, “Кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ”, “Кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт”, “Кафедраи микробиология”, “Кафедраи анатомия”, “Кафедраи стоматология” ва “Кафедраи тибби оилавӣ” амал мекунанд.
Гуфта шуд, ба факултети мазкур, ҳамсола 225 донишҷӯ ба тариқи шартномавии таҳсил қабул карда мешаванд.