Новобаста ба он, ки ҳамасола то ду ҳазор донишҷӯй Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм мекунанд, боз ҳам нарасидани табибон дар соҳаи тандурустӣ вуҷуд дорад. Роҳбарияти донишгоҳи мазкур ба он назар аст, ки норасоии табибон аз байн бурда хоҳад шуд.

– Норасоии кадрӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар нишасти матбуотии ин ниҳод ҳам муҳтарам вазир ҳисобот доданд, ки дар кадом шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар табибон намерасанд. Дар баробари талошҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, инчунин, бояд дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ дар масъалаи кадрҳо таваҷҷуҳ ва ғамхории бештар зоҳир намоянд. Мақомот бояд кадрҳои ҷавоне, ки ДДТТ-ро хатм карда, барои кору фаъолият фиристода мешаванд, аққалан бо ҷои истиқомат ва шароити хуб таъмин кунанд. Шумо медонед, ки соле қабл норасоии табибон 3,5 ҳазор гуфта мешуд, аммо хушбахтона, дар як соли ахир он то ба 1996 нафар поён оварда шуд. Боварии комил дорам, ки солҳои наздик норасоии табибон дар кишвар аз байн меравад, – гуфт ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода.

Ба суоли таваҷҷуҳ ва хоҳиши хатмкунандагон ба ихтисосҳои тиббӣ, ректори Донишгоҳ гуфт таваҷҷуҳи бештар ба самти ҷарроҳӣ ва момодоягӣ бештар аст.

– Аммо ин ба он маъно нест, ки ихтисосҳои дигар сарфи назар карда мешаванд. Рушди ҳар табиб ба саъйу кӯшиши худи ӯ вобаста аст. Имрӯзҳо бештари хатмкунандаҳо мехоҳанд ихтисосҳои самти ҷарроҳӣ ва момодоягиро интихоб кунанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, каме норасоии кадрҳо аз ҳамин ҳисоб аст, – иброз дошт ректор.

Гуфта шуд, соли ҷорӣ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 2022 нафар хатм карданд, ки аз ин ҳисоб 1708 донишҷӯи ватанӣ мебошанд. Маҳмадшоҳ Гулзода ҳамчунин гуфт, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар баробари омодасозии мутахассисони соҳаи тибби кишвар, инчунин, барои кишварҳои хориҷӣ низ мутахассис тайёр мекунад, ки 314 донишҷӯи хатмкардаи имсола аз 11 кишвари дунё исботи гуфтаҳост. “Ин аз рақобатпазир будани таҳсилоти кишвари мо дар сатҳи байналмиллаӣ шаҳодат медиҳад”, гуфт ректор.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь