Дар бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» комёб шуданд ва ба финал баромаданд.

Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода дастаи «Истиқлол»-и Душанберо қабул кард. Бозӣ бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. «Регар-ТадАз», ки дар бозии аввал бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд, ба даври дигар гузашт.

Дар бозии дигари нимниҳоӣ дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена» дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд» бозӣ карданд. Бозии аввал дар Хуҷанд 1:1 шуда буд. Дар бозии ҷавобӣ «Хуҷанд» бо голи ягонаи Деян Тумбас ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Бозӣ барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2024 миёни “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” рӯзи 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.

Охирин маротиба “Регар-ТадАЗ” соли 2019  ва “Хуҷанд” соли 2021 дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь