Расонаҳои интернетии Ӯзбекистон аз писари президенти якуми ин кишвар Ислом Каримов навиштанд ва маълум карданд, ки ӯ, ба ҷуз аз духтаронаш Гулнора ва Лола, писаре бо номи Пётр низ доштааст.
Албатта, ин хабари нав нест, аммо дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов ҳамеша аз ҳамсару ду духтар ва панҷ набераи ӯ ёд мешуд ва ҳеч вақт номи Пётр дар ин рӯйхат набуд.
Фарзанди сеюми Каримовро расман сомонаи Муҷтамаи илмӣ ва омӯзишии Ислом Каримов ба корбарони интернет муаррифӣ кардааст. Дар ин сомона дар бахши тарҷумаи ҳоли Каримов гуфта шуддаст, ки «ӯ се фарзанд ва шаш набера дошт, ки муносибат бо онҳо барояш шодии бузург буд».
Акнун, ВАО-и ӯзбекӣ дар такя ба маълумоти «Википедия» менависанд, ки Каримов бори аввал дар солҳои 60-ум бо Наталя Кучма хонадор шудааст, ки Пётр соли 1969 аз ӯ ба дунё омадааст. Ин ҳамсари Каримов соли 2008 дар Тошканд вафот кардааст. Пётр Каримов айни ҳол дар вилояти Маскав зиндагӣ мекунад. Ӯ дар «Азия-Инвест Банк», ки тобеи Бонки миллии Ӯзбекистон асту қароргоҳаш дар Маскав мебошад, ба ҳайси муовини раис фаъолият мекунад.
Дар акс Пётр Каримов аз чап. Акс аз «АП»