Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармонҳои худ раисони чанд шаҳру ноҳияи кишварро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигарро таъйин кард.
Аз ҷумла, А.И. Вализода аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, Р. Давлатзода аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Д.Ҷ. Расулзода аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд, С. Саломзода аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод карда шуданд.
Дар пайи ин озодкуниҳо Р.Р. Ашурзода раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, Б.Н. Одиназода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, А.И. Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода, Р. Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, С. Саломзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъйин шуданд.