Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба дастаҳои футболи “Равшан” (Кўлоб) ва “Ҳосилот” (Фархор) чорсад ҳазор сомонӣ маблаѓ људо кардааст.
Раиси вилояти Хатлон барои рушди соҳаи футбол дар вилоят барои људо кардани маблаѓ ба клуби футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ба маблағи сесад ҳазор сомонӣ ва дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор сад ҳазор сомонӣ қарор баровардааст. Ин маблағ барои пешравии дастаҳои футболи шањру ноњия, ки солњои охир аз камбуди маблаѓ танкисї мекашиданд, људо карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон нафари варзишдўст ва мухлиси футбол буда, аз 17 майи соли ҷорӣ раиси Федератсияи фудболи вилояти Хатлон интихоб шудааст.
Блоки рекламавӣ