Имрӯз, 21-уми июл, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш нишасти матбуотӣ доир гашт. Дар он раиси ноҳия Қурбон Юсупов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 102,5 ҳазор дона тухм истеҳол карда шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100 дона зиёд аст.
Ҳамчунин, раиси ноҳия гуфт, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатии ноҳия 82 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 14,4 миллион сомонӣ ворид шудааст.
– Бақияпулии андоз дар ин шашмоҳа 16,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 3,9 миллион сомонӣ зиёд аст,- илова кард ӯ.
Намояндагони ВАО ба раиси ноҳия оид ба бунёди ҳавзҳои шиноварӣ, кашолкорӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои замин, харобии роҳҳои маҳаллӣ, набудани қасри фарҳанг дар ноҳия, вазъи хароби кӯдакистонҳо, норасоии мактаб дар деҳаҳои навбунёд, бекор шудани қарорҳои раиси ноҳия ва дигар масъалаҳои мубрам сулҳо пешниҳод карданд.
Раиси ноҳия ва дигар масъулони ташкилоту идораҳо дар посух ба суолҳои хабарнигорон гуфтанд, ки “ин мушкилиҳо дар ноҳияи Вахш ҷой доранд ва мо баҳри ҳалли онҳо корбариву коргузорӣ карда истодаем”.