Раиси ширкати тоҷикии «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шудааст. Дар ин бора АИ «АП» дар такя бар манбаи худ аз ин Агентӣ хабар дод.

Манбаъ гуфтааст, ки Одинаев дар Душанбе ҳанӯз 14-уми октябр, дарҳол баъди танқиди Президент дар вохӯрӣ бо соҳибкорон, дастгир шудааст. Дар нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқи мол), 292 (саркашӣ аз пардохти андоз) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ Тоҷикистон кушода шудааст.

Президент дар танқиди худ гуфта буд: «Вазорати молия бо тарзҳои гуногуни нофаҳмо аз буҷети давлатӣ ба ширкати «Умед-88» 170 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда, муддати аллакай 4 сол аст, ки ширкат ин маблағро ба давлат баргардонида наметавонад ва ин ҳам дар ҳолест, ки воситаҳо бо меъёри 18% (барои муқоиса: меъёри мутавозини миёнаи қарз бо асъори миллӣ 30,6%-ро ташкил медиҳад) ҷудо шудаанд».

Пас аз ин интиқоди шадиди Президент аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт лавҳаҳои «Умед-88» шитобкорона барканда шуданд. Дар ин нуқтаҳо мегӯянд, молики нуқтаҳо дигар ширкат аст, вале аз ифшои номи он худдорӣ мекунанд. Дар баъзе аз нуқтаҳои дигар мегӯянд, ки онҳо аслан ба ширкати «Умед-88» тааллуқ надоранд ва танҳо зери ин тамғаи машҳур барои даромаднок шудани корашон фаъолият кардаанд. Алҳол лавҳаҳо бо номи ширкати дигар пайдо нашудаанд.

«Умед-88» аз ширкатҳои пештози фурӯши сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ буд, ки дар ин кор 20 сол фаъолият кардааст. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь