Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва аъзои ҳизб иштирок карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори анҷуман доир ба фаъолияти панҷсола раиси Ҳизби сотсиалиистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ҳисобот дод.

Ширкаткунандагони анҷуман ҳамчунин аз ҳадафҳои ҳизб, таҳияи барнома ва татбиқи нақшаҳо дар 5 соли оянда изҳори андеша карданд.

Дар идома раиси нави ҳизб ва муовинонаш тариқи овоздиҳӣ интихоб гардида, ҳисоботи солона ва ҳисоботи роҳбарони минтақавии ҳизб шунида шуд.

Бо тариқи овоздиҳӣ Ғулом Ҳалимзода раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь