Рӯзи 22-юми июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Одинзода Абдулҳафиз гуфт, ки дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Ҷайҳун ягон муассисаи таълимӣ аз сифр бунёд нашудаст, ки дар он хонандагон таълим гирифта истода бошанд.

Ин дар ҳолест, ки мудири шуъбаи кабинети методии шуъбаи моарифи ноҳияи мазкур Сайдаҳмад Қурбонов гуфт, ҳоло дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ, як гимназия ва ду боғчаи кӯдакона фаъолият мекунанд. Ин шахси масъул нигаронӣ аз он кард, ки 7 мактаби ноҳия ҳоло дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Аз ҳисоби мақомоти маҳал ва волидону соҳибкорон мактабҳои ноҳия таъмиру тармим шуда истодаанд. Аз 44 мактаб то имрӯз 27 муассиса пурра ба соли нави хониш омода шудааст. Аз ҳисоби падару модарон бо харҷи 27 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети ноҳия беш аз 410 ҳазор сомонӣ барои таъмири мактабҳо ҷудо карда шудаст.

Раиси ноҳия Одинзода Абдулҳафиз низ дар нишаст гуфт, ки ҳоло 70 дарсади мактабҳои ноҳия аз таъмир бароварда шудааст.

– Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун танҳо як муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда сохтмонаш аз соли 2007 оғоз гардидаву то ҳол ба итмом нарасидааст. Мактаб барои 624 хонанда бо 26 синфхона, як толори варзишӣ ва як маҷлисгоҳ аз буҷети вилояти Хатлон оғоз гаштаю то ба имрӯз дар он сохтмон рафта истодааст. Арзиши харҷномавии иншоот 21 миллиону 36 ҳазор сомонӣ буда, маблағи корҳои сохтмонии то ҳол иҷрошуда беш аз 11 миллион сомонӣ аст,- гуфтанд аз Раёсати молияи ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь