Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Умед Исматов ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ”  дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар фаъолиятро оғоз намуд.

Бино ба итттилои муовини директори ширкати мазкур Алиҷони Олимҷон, “Рахш таксӣ” аввалин ширкати мусофиркашонист, ки дар шаҳри Бохтар корро оғоз кардааст. Ин ширкат аз моҳи августи соли 2019-ум ба фаъолят шуруъ намуда, аз хизматрасонии он тамоми сокинон ҷонибдорӣ кардаанд.

– Айни ҳол ин ширкат дорои 70 автомошинаи сабукрав  буда, шабонарӯзӣ бо нархҳои дастрас ба мурдум хизмат мерасонад. Маъмурияти ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” дар шаҳри  Бохтар,  ният дорад оянда хизматрасонии мошинҳои боркашро низ роҳандозӣ намояд, – муовини директори ширкат.

Сокинони маркази вилояти Хатлон ва атрофи он солҳо аз набудани чунин тақлиёти ҷамъиятӣ танқисӣ мекашиданд ва барои эҳтиёҷоти худро баровардан бо нархҳои нисбатан гарон таксиҳои шахсиро кироя мекарданд.

Соҳибназар, сокини шаҳр, зимни суҳбат гуфт, ки баъди ташкил шудани ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” дастрасии сокинон ба хизматрасонии  мусофиркашонӣ беҳтар гардидааст.

“Солҳои пеш таксиҳо ба ҷойи лозимӣ шабона бо нархи гарон хизматрасонӣ мекарданд. Ҳоло бошад мушкилии сокинон хело осон гардид”, – афзуд ин сокин.

Ба мисли мусоҳиби мо боз даҳҳо сокини дигар аз ташкил шудани ин ширкати мусофиркашонӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь