Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзодаро аз вазифаи раисии он барканор ва ба ҷои вай Ғиёсиддин Ашӯрзодаро интихоб кард.

Анҷуман рӯзи шанбе, 20-уми июл дар шаҳри Душанбе доир гардид. Саволи асосии он ки “бо кадом сабаб ин Анҷуман пеш аз мӯҳлат доир гардид” беҷавоб монд.

Бояд гуфт, ки ин дуюм ҳизби парлумонии Тоҷикистон аст, ки дар  ду моҳи охир анҷумани ғайринавбатӣ барпо кардаю раисашро иваз мекунад. Моҳи майи имсол дар чунин анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба ҷои Саидҷаъфар Усмонзода – Шаҳбози Аброр раиси нави ҳизб интихоб шуда буд.

Рустам Раҳматзода муовини раиси ҳизб интихоб шудааст. Сабаби барканор шудани вай аз мақоми раҳбари ҳизб маълум нест.

Дар ин анҷуман Машраб Файзуллозода, ректори Донишгоҳи славянӣ, муовини аввали раиси ҳизб интихоб гардидааст.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 аз тарафи иқтисоддони маъруф ва собиқ вазири нақлиёт Олим Бобоев таъсис шуда буд. Ҳадафи аслии онро муассисон “коҳиши мизони фақр, танзими дурусти хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон” эълон карданд. Бобоев то соли 2020 раҳбари ҳизб буд ва бо изҳороти ошкору таҳлилҳои воқеъбинонаи иқтисодиаш дар бораи мушкилоти ин соҳа, дар матбуот ва парлумон эътироф гардида буд.

“Фараж”

 

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь