Соли гузашта аз тарафи кормандони Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон 737 санад оид ба қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи 130 ҳазору 717 сомонӣ зарари расонидашуда тартиб дода шудааст.
Бештари қонуншиканӣ дар самти буридани ғайриқонунии ҷангал, ҷамъоварии ғайриқонунии ҳосили ҷангал, шикор дар ҷангал ва чорвочаронии худсарона мебошад. Дар ин бора дар нишасти хабарии Хоҷагии ҷангали вилоят иттилоь доланд.
Хабар дода шуд дар соли гузашта дар вилоят 242 гектар ҷангал бунёд карда шудааст.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Блоки рекламавӣ