15-уми сентябр Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо ҳам дар танҳоӣ ва ҳам бо иштироки ҳайатҳо гуфтушунид хоҳанд кард.
Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар маросими санги асос гузоштан ба таҳкурсии панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконфронс ширкат хоҳанд кард.
Дар поёни музокирот ба имзо расонидани Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия оид ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқи стратегӣ, инчунин зиёда аз бист санади нав ба нақша гирифта шудааст.
Блоки рекламавӣ