Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell ҳамоиши таълимӣ «Асри нав: технология ва навоварӣ дар журналистикаи мултимедиавӣ»-ро, ки аз ҷониби Академияи давлатии ВАО-и ҶТ ва ИЖТ роҳандозӣ гардида буд, дастгирӣ кард.
Дар ин давраи бозомӯзӣ беш аз 20 хабарнигор ва кормандони масъули расонаҳо, инчунин намояндагони дафтарҳои матбуотии ниҳодҳои кишвар ширкат доштанд. Коршиноси ширкати Тсеll, Хилватшо Хоҷаев масъулияти мураббӣ-омӯзгории семинари таълимиро ба зимма дошт.
Тайи 5 рӯз иштирокчиёни ҳамоиш бо фанновариҳои ҷадид ошно гардида, асосҳои рӯзноманигории муосири чандрасонаиро омӯхтанд. Зимнан, журналистон дар бораи интихоби мавзӯъҳо ва воситаҳои махсуси рақамӣ (диҷитол) барои эҷоди муҳтавои мултимедиявии худ маълумот гирифтанд.
Журналистикаи муосирро бидуни маводи чандрасонаӣ, бе тарроҳиву банду баст ва ҳамгироии диҷитол тасаввур кардан ғайриимкон аст. Иштирокчиён инчунин курси амалӣ ва воқеъии эҷоди чунин матолибро гузаштанд.
Tcell барои рӯзноманигороне, ки дар давраи омӯзишӣ ҳузур доштанд, Интернети баландсуръати 4G-ро барои кори онлайну ҳирфаии онҳо фароҳам овард: дар давоми ҳамоиш, иштирокчиён матолиби худро эҷод карданд ва бо васоити диҷитол дар шабака шинос шуданд.
Tcell ҳамеша барои рушди маорифи Тоҷикистон саъй дорад ва ин бахшро дастгирӣ менамояд. Бо пуштибонӣ аз давраҳои таълимию тарҳҳои омӯзишӣ, Tcell саҳми худро дар таҳсили ҷавонон ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон мегузорад.