Хонандаи синфи 6 “Д”-и мактаби миёнаи рақами 1-уми ноҳияи Ёвон Адиба Ҳикматова аз пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасонии пасандозии бонкӣ аз наздик огаҳ аст. Ин духтар дар озмуни расми беҳтарин дар мавзуи “Пул барои ояндаи ман” дар байни ҳамсабақони худ ҷои аввалро ишғол кардааст.
Ин озмун дар чорчӯбаи лоиҳаи “Баланд бардоштани маърифати молиявӣ” эълон гардида, ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлонро фаро гирифтааст. Лоиҳа аз тарафи Бонки Эсхата ва Фонди хазинаҳои амонатии Олмон оид ба ҳамкории байналхалқӣ амалӣ карда шудааст.
Мисли Адиба Ҳикматова, Беҳзод Раҳматов аз ноҳияи Спитамен дар озмуни расми беҳтарин ҷои аввалро ишғол кард. Вай хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 2 ҳамин ноҳия аст. Ба ғайр аз Адиба ва Беҳзод боз чор расми беҳтарин ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд.
Ба ғолибон кортҳои бонкӣ бо дизайни инфиродӣ, аниқтараш расмҳо бо ғолибон, маблағ дар суратҳисоби он, диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи Фонди хазинаҳои амонатии Олмон оид ба ҳамкории байналхалқӣ супорида шуданд.
Дар умум 40 расми беҳтарин дар мавзӯи “Пул барои ояндаи ман” интихоб карда шудаанд.