Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ин нуктаро имрӯз, 9-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, дар пайи боздоштҳои чеҳраҳои шинохтаи кишвар-вакили собиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва раиси пешинаи Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби демократ Аҳмадшоҳ Комилзода, раиси собиқи Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва собиқ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, иброз дошт.
– Нисбат ба Усмонзода, Ҳакимов, Комилзода, Искандаров, Зарифӣ ва чанд нафари дигар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд ва дар Прокуратураи генералӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд. Парвандаҳо бо ҳам дар алоқамандии зич қарор доранд. Бинобар фош накардани сири тафтишот ба шумо ягон маълумот дода наметавонам. Як нуктаро қайд карданӣ ҳастам, касе ки ба давлат, миллат ва Президенти мамлакат хиёнат мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Ин новобаста аз он аст, ки чи вазифаро ишғол мекунад ва ё чи вазифаро ишғол карда буд, – хулоса кард прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14 уми июни соли равон Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти раиси қаблии ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода хабар дод. Мақомот Усмонзодаро ба ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи ПМТ ва барои маслиҳати пешакӣ барои ғасби ҳокимияти давлатӣ дар кишвар айбдор мекунад.