Прокуратураи Хатлон аз ҳаннотӣ, нашъаҷалобӣ, мастӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар шаҳри ноҳияҳои вилоят хабар дод

Ҳаннотии ду зан

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гаштааст, ки  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ваҳобова Марҳабо Фатоҳовна, санаи таваллудаш  соли 1978, миллаташ ӯзбек, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав , бо маслиҳати пешакӣ бо Бобоева Марҷона Юсупҷоновна, санаи таваллудаш  соли 1987, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, моҳи марти соли 2023 ба деҳи  ба номи Лочин Нурови ноҳияи Шахритсус рафта  бо мақсади содир намудани сисилаҷиноятҳои қаллобӣ,сокинони ноҳияро ҷамъ оварда  бо онҳо маҷлис гузаронида, ҳарчанд онҳо ҷое кор намекардаанд худро бардурӯғ кормандони  Созмони байналмилалии “Гранти хориҷии бебозгашти  рушди кишоварӣ”-ии кишвари Амортати Муттаҳидаи Араб  муаррифӣ намуда,бо роҳи фиреб изҳор намудаанд,ки онҳо омодаанд, ки ба сокинони ин деҳа бо роҳи бебозгашт қарзи грантии бебозгашт диҳанд. Минбаъд онҳо бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ, гӯё барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани  грантҳои бебозгашт маблағҳои пулӣ талаб намуда, дар се марҳила   аз шаҳрвандон Саъдуллоев Н.Ҳ.  ба маблағи 48200 сомонӣ, Бураков М.Р.  51300 сомонӣ,Лоиқов Ҳ.М. 51300 сомонӣ, Комилов М. 51300 сомонӣ, Сайфиддинов А.Ш. 51300 сомонӣ, Сайфиддинов А.Ш. 51300 сомонӣ, Маҳмадиев Н.Д. 56000 сомонӣ, ҷамъан 309400 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсияшон ба кор бурдаанд.

Оиди ин ҳолати кор санаи 22-юми майи соли 2024 нисбати  Ваҳобова Марҳабо Фатоҳовна ва Бобоева  Марҷона Юсупҷоновна бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шаҳритус  парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, дар рафти тафтишоти пешакӣ қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати Бобоева М.Ю. бинобар ғайб заданаш аз тафтишоти пешакӣ  ба коркарди алоҳида ҷудо карда шуда, нисбаташ кофтуков эълом гашта, парвандаи ҷиноятӣ  нисбати  Ваҳобова Марҳабо Фатоҳовна баъди итмоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гаштааст.

Санаи 12-уми ноябри соли 2024 бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳритус  ҷазои ниҳоӣ нисбати мавсуф  ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар  ба 102000 сомонӣ тадбиқ карда шудааст.

Ҷинояти вазнин  баъди солҳо кушода шуд

Холов Саймудин Муҳидинович, санаи таваллудаш 2 марти соли 1974, зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ ноҳияи Қумсангир), истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, баъди муътадил гаштани вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 1996-1998 дар ҳудуди ноҳияи Қумсангир (ҳозира ноҳияи Ҷайҳун) бо маслиҳати пешакӣ бо Хушбахтов Ёрмаҳмад Ашурович, Маҳмадов Одилҷон Кабутович, Хушбахтов Маҳмадюнус Ашурович, Кенҷаев Абдуғаффор Аҳлиддинович, Сафаров Одил Юсуфович ва дигар  шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо мақсади содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дастаи мусаллаҳи устувор, ки дар ихтиёрашон силоҳҳои оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ доштанд ташкил намуда, дар ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи он роҳбарӣ ва ғайриқонунӣ дар ин даста фаъолият намудааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби дастаи мусаллаҳи устувор дар солҳои 1996 -1997 кушторҳои қасдонаи кормандони милитсия, комиссарияти ҳарбӣ ва дигаронро содир кардаанд. Як қисми шарикони ҷиноятии онҳо аз қабили Хушбахтов Ё.А., Маҳмадов О.К., Хушбахтов М.А. ва Кенҷаев А.А. бо ҳукмҳои судӣ маҳкум карда шудаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалҳои зарурии тафтишотӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти пурраи Холов С.М. муайян карда шуда, нисбаташ 8 августи соли 2024 аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон бо моддаи 74 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур муайян карда шудааст, ки Холов С.М. 10-уми  апрели соли 1996, дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҳамроҳии Хушбахтов Ёрмаҳмад Ашурович ва «Сафаров Одил» ном шахс ҷамъ омада, аз рӯи нақшаи тарҳрезигашта  кушторҳои  нозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Қумсангир  Пиров Саъдӣ, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Қумсангир  Хоҷаев Уктам,  шаҳрвандон Салоҳуддинов Маҳмуд   ва  Бердишукуров Абдуҷалилро  маслиҳат намуда, ин ҷиноятҳои тарҳрезӣшударо амалӣ ва ба иҷро расонидаанд.

Ҳамчунин онҳо нақшаи ба хонаи раиси биржа, истиқоматкунандаи колхози ба номи Раҳмонови ноҳияи Қумсангир  Қурбонов Абдуғафор ҳуҷуми мусаллаҳона намуданро бо мақсади ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ таҳрезӣ намуда онро амалӣ намудаанд. Оид ба ин лаҳзаҳои ҷиноятӣ 6 сентябри соли 2024 аз тарафи шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон нисати Холов С.М. ва дигарон бо моддаҳои 104 бандҳои «а, в, г, з, и, м, н, о» ва 156 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,тафтишоти пешакии он ба итмом ва ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон  аз 14.11.2024 сол, судшаванда Холов Саимудин Муҳидинович дар содир кардани ҷиноятҳои  дар моддаҳои 74, 104 бандҳои «а,в,г,з,и,м,н», 156 қисми 2 (таҳрири соли 1961) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин моддаҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр  таъин карда шуд.

Мастӣ  ба пастӣ мебарад

Дар рафти  тафтишоти пешакӣ ва судӣ муайян карда шуд, ки Холмуродов Ашурмаҳмад Мирзошарифович, санаи таваллудаш – соли 1970, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҳамчун шахси идоракунандаи автомобил дар ҳолати зерин аз беэҳтиёти ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиётро содир кардааст.

Чунончӣ ӯ, 14 июни соли 2024, тахминан соати 22:00 ба 23:00 дақиқа автомобили тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 98-98 СС 03-ро дар ҳолати мастӣ таҳти идораи худ қарор дода, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Чапаев, талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ”-ро вайрон намуда, хусусият ҳолати воситаи нақлиёт ва шароити роҳро ба инобат нагирифта, назорати доимиро аз болои суръати ҳаракати автомобилаш таъмин накарда,ҳангоми идораи автомобилаш худбоварӣ зоҳир намуда, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, аз ӯҳдаи идораи автомобилаш набаромада, бо қисми пеши автомобилаш ба қисми қафои харароба, ки дар канори рости роҳ дар болояш Сулаймонов Назирхӯҷа Ахтамҷонович, санаи таваллудаш  соли 1983 ва хурдсол Аҳтамҷонзода Билол, санаи таваллуда  соли 2015, сокинони ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Орҷонкидзе, қарор доштанд бармехӯрад. Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ Сулаймонов Н.А. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониён  аз 04.10.2024 сол судшаванда Холмуродов А. М. дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 212 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар асос  ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт ба муҳлати 10 сол таъйин карда шуд.

Нашъаҷалобон ҷазо гирифтанд

Дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Назаров Рамазон Амирхонович, соли таваллудаш  1994, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул нашуда, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро аз ҷониби гуруҳи муташаккил бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори махсусан калонро  содир намудааст.

Мавсуф  охирҳои моҳи майи соли 2024 тариқи шабакаи иҷтимоии “Вотсап” бо Мирзозода Самир Мунаввар, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки айни ҳол дар яке аз Муассисаҳои ислоҳӣ дар Федератсияи Россия адои ҷазо намуда истодааст, ҳамсӯҳбат шуда, бо ҳам маслиҳати дар оянда ба муомилоти ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор машғул шудан ва аз ин ҳисоб фойдаи муфт ба даст оварданро намудаанд. Мирзозода С.М. ба Назаров Р.А. пешниҳоди барои аз махфигоҳ гирифта интиқол додани миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор,ки  қочоқчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар махфигоҳе, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун пинҳон кардаандро мекунад. Баъдан Мирзозода С. ба Назаров Р.А. супориш медиҳад, ки дар ҳозира 10 киллограмм воситаҳои нашъадори навъи ҳашишро рафта аз махфигоҳ воқеъ дар суроғаи зикр гардида гирифта онро ба ноҳияи Ҷ.Балхӣ интиқол диҳад. Бо мақсади амали намудани кирдорҳои ҷиноятпешаи худ ,шаби 14-уми июл  Назаров Р.М. бо ҳамроҳии шахсони мусоидаткунанда ба ноҳияи Ҷайҳун рафта, тибқи дастур ва роҳнамоии Мирзозода С.М. аз махфигоҳ як халтаи рангаш сафеди дар дохилаш 10 адад бастаҳои воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”, доштаро дарёфт намуда онҳоро ғайриқонунӣ соҳиб шуда ,дар дохили борхалтаи саҳрои ҷойгир намуда, бо мақсади ба соҳибияти дигар додан ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ интиқол додаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони фаврии РВКД дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷайҳун, Назаров Р.М. бо гумонбарӣ дар муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор дастгир гардида, аз дасти ӯ борхалтаи саҳроии дар дохилаш миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” дошта, дар ҳузури шахсони холис ҳамчун далелҳои шайъӣ  гирифта шудаанд.

Пас аз дастгир шуданаш Назаров Р.А. бо мақсади дастгир намудани дигар аъзоёни гурӯҳи муташаккили нашъаҷалоб бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намуда, тибқи супориши Мирзозода С.М. бояд, ки миқдори 8 киллограмм воситаҳои нашъадори навъи ҳашишро ба ноҳияи Восеъ, интиқол дода дар махфигоҳ пинҳон намуда, ҷойи пинҳон намудаашро расм гирифта тариқи “Вотсап” ба Мирзозода С.М. ирсол намояд, шахсони лозим омада он воситаҳои нашъадорро аз махфигоҳ мегиранд.

Баъдан  17 июли соли 2024 Хоҷаёров Раҳматулло Эмомназарович, соли таваллудаш 1988 сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми гирифтани маводҳои нашъадор  аз ҷониби кормандони милитсия бо гумонбарӣ  дар муомилоти ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шудаанд.

Аз  тарафи  ШТ РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Назаров Р.А ва Хоҷаёров Р.Э., бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои «г,д»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш бурда шудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Хатлон  аз 12.11.2024 сол, судшавандагон Назаров  Рамазон Амрохонович ва Хоҷаёров Раҳматулло Эмомназарович дар содир кардани ҷиноятӣ  бо  моддаи 200 қисми 4 бандҳои «г,д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 17 солӣ, бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

Варқаи Зайниддин,                                          

ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири  адлияи дараҷаи 1                              

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь