Зиндагӣ зудгузар аст… Ёдам меояд даҳ соли пеш, шастумини солгарди таваллуди Сафар Абдуллоҳ ба таври густарда баргузор шуд. Маҷмуаи солгардии «Марди рисолат» мунташир шуд. Мурод Мухторович Ауэзов тақдими худро ба дӯсти азизаш Сафар чунин номида буд, ки бо ин ҷумла ба поён мерасад: “Сафар марди рисолат аст, ӯ барои ин ба дунё омадааст ва онро олӣ анҷом медиҳад!“.
Ин суханҳо аз тарафи Сафар Абдуллоҳ бидуни шавқу ҳаяҷон қабул мешаванд. Дар осори чандҷабҳаии ӯ, дар ҳар таҷаллии шахсияти хориқулодааш, ҳеҷ халое вуҷуд надорад, балки пур ва беҳудуд аст.
Ман дар мавриди чизҳое, ки дар бораи Сафар медонам ва арзиш қоил ҳастам ба шумо хоҳам гуфт. Ӯ дорои вижагии арзишманди инсонӣ аст, ки ин дӯстии комилани самимона бо касе, ки ӯро бо тамоми вуҷуд ба унвони Бародар ва Дӯст пазируфтааст. Ӯ ҳамеша дар мавриди афроде, ки барои ӯ азиз ҳастанд, дӯстони руҳиву равониаш, бо тарзи хосе суҳбат мекунад. Сирфан ба ин далел, ки вуҷуд доранду дар зиндагии ӯ буданд, онҳоро ёд дораду бо сипос аз онҳо ёд мекунад. Ӯ шеъру мақолаҳо, хотироту китобҳо, нишастҳо ва дар ниҳоят дидорҳои дӯстонаашро, ки ҳар кас худро дар он меҳмони ҷашн ҳис хоҳад кард, ба онҳо тақдим мекунад. Рисолати ӯ гуфтани калимоте дар мавриди гиромӣ доштану арзишгузории дӯстон аст ва дар бештари маворид гуфтани суханҳоест, ки муддати тӯлонӣ дар хотироти мардум боқӣ мемонад.
Сафар зиёд ва хастагинопазир кор мекунад. Ӯ ховаршиноси барҷаста, эроншиносии муътабари байниалмилалӣ, назарияпардозу мутарҷими адабӣ, мунтақиди адабиву пажӯҳишгари адабӣ, устоди донишгоҳ, ношир, муассису сардабири маҷаллаи муътабари илмии шарқшиносӣ «Эроннома», ки интишори он дар соли 2007 оғоз шуд, аст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 60 ҷилд аз ин нашрияи бузург, пуртақозо ва аз назари илмӣ қобили тавваҷуҳ мунташир шудааст. Нависандагони мақолот ховаршносони барҷастае аз бисёре аз кишварҳову қораҳо ҳастанд, ки донишу пажӯҳиши худро дар заминаи эроншиносву Осиёи Миёна табодул мекунанд.
Рисолати маҷаллаву сардабири он эҷоди «риштаи иттисоли замон» (яке аз формулҳои авлавиятдори ақидаи халлоқии М.М Ауэзов) аз тариқи «наздик шудани фарҳангҳо» (наздик шудани мардум аз тариқи наздик шудани фарҳангҳо) аст. Яке аз ғояҳои асосии Маркази ЮНЕСКО, ки ба он О.О.Сулаймонов сарварӣ мекунад, танҳо бо асарҳои эроншиносӣ маҳдуд нашуда, ба ҷаҳониён нишон додани доираҳои гуногуни фарҳанг, таърих, адабиёту санъати халқҳои Осиёи Марказӣ ва мутақобилаву беназир будани онҳо мебошад. Худи Сафар Абдуллоҳ ба вижа барои ин дастовард дар фаъолияти халлоқонаи гуногунҷанбаи худ арзиш қоил аст ва ба таври номаръӣ рисолати фардеро анҷом медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги ҷаҳониро арҷ мекунад.
Шахсияти Сафар Абдуллоҳ ба унвони як “марди даврон“-и беназир (ҳамон тавр, ки Рустам Шукуров дар мақолаи худ ба муносибати шастумини солгарди дӯсташ Сафар гуфта буд) ба таври муъҷизаосое чунин истеъдодҳои “классик“-ро муттаҳид мекунад, ки намунае аз “такбаъдӣ“ нестанд, модернитӣ, ё беҳтар аст, гӯем истеъдодҳое, ки мухтаси як инсони офарандаи даврони классик аст… Дар руҳи шоиронаи ӯ лирикаи волову ҳикмати дерина дар канори ҳам вуҷуд доранд, ҳамаи шеърҳои форсӣ-тоҷикӣ ба ҳар муносибате дар ҳофизаи ӯ маҳфуз ҳастанд ва ҳар даҳзае абёте аз бузургон ва ҳам эҷоди худи ӯ, ки хоксорона иддаои муаллифии онро дорад, аз лабонаш ба гӯш мерасанд… Ин ҳақиқати ишқи ӯ ба каломи шоирона аст.
Гуфтан дар мавриди дӯсте, ки наметавон тасвирашро комил нишон дод, душвор аст, зеро «дар мавриди як дӯсти халлоқ, ки ҳамеша омодаи ироаи як дунёи комил аст» (Ф. Ниче ), бори масъулияти ҳар калима бо тақозо мутаваққиф мешавад…, то достонҳои ҷадид дар мавриди ӯ.
Иҷоза диҳед ба Сафар Абдуллоҳ бо ин ҷумлае, ки дӯсту бародараш Саидаҳмад Қуттиқадам навиштааст муроҷеъ шавам: «Сафарҷон, эй кош хирадат бештар афзояду ҳеч гоҳ бовари худро ба тавоноиҳову имконоти хеш аз даст надиҳӣ».
Алмира Наурзбоева,
доктори улуми фалсафӣ, профессор