Баъд аз шаш моҳи қатли бераҳмонаи сокини 21-солаи ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ Хуршед Ғолибов, ки гуфта мешавад, аз ҷониби марди 41-солаи ҳамсояаш Нуров Нурмаҳмад кушта шудааст, Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон сабабҳои рух додани ҷиноятро ошкор кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса дар пайи хусумати шахсӣ, пас аз он рух додааст, ки марҳум Хуршед Ғолибов давоми 3 сол муносибати ошиқона доштанашро бо Дилафрӯз Нурова, ба падари духтар Нуров Нурмаҳмад ошкор месозад ва мегӯяд, ки мехоҳад бо Дилафрӯз оила барпо кунад, аммо духтар муносибати ошиқона доштанашро бо ҷавон рад кардааст. Ин ҳолат сабаби дар ғазаб шудани Нуров Нурмаҳмад гардидааст ва бо корди дар шимаш пинҳонкарда ду маротиба ба қисмати гардани Хуршед Ғолибов задааст.
“Ғолибов Хуршед Қурбонович истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Сафедорон моҳи октябри соли 2019 барои оила барпо намудан бо Нурова Дилафрӯз Нурмаҳмадовна ба хонаи онҳо ба хостгорӣ мераванд. Падари охирон Нуров Нурмуҳаммад Товулович дархости ӯро рад намуда, моҳи декабри соли 2019 оиди ба шавҳар додани духтараш ба хеши наздикаш Бобохонов Суҳроб Рустамович розигӣ додааст.
Ғолибов Х. Қ. бо шунидани ин хабар моҳи январи соли 2020 якчанд маротиба бо воситаи телефон бо Нуров Н. Т. ҳамсуҳбат шуда, хоҳиш кардааст, ки барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад, чунки бо охирин муддати 3 сол инҷониб муносибатҳои ошиқона дорад. Баъдан Ғолибов Х. Қ. бо домодшавандаи ӯ Бобохонов С. Р. 14-уми январи соли 2020 тахминан соати 15:20 ба хонаи Нуров Н. Т. меоянд. Нуров Н. Т. аз онҳо хоҳиш мекунад, ки вориди ҳуҷраи истиқоматии ӯ шаванд ва худ бо сабабҳои дар боло зикршуда нисбати Ғолибов Х. Қ. хусумат пайдо карданаш ба анҷомхона рафта, аз он ҷо як адад кордро гирифта, дар тасмаи шимаш гузошта, ба назди онҳо омадааст.
Ҳангоми дар ҳуҷраи истиқоматӣ суҳбат намудан Ғолибов Х. Қ. боз такрор мекунад, ки бо духтари ӯ Нурова Д. Н. муддати 3 сол аст муносибатҳои ошиқона дорад ва мақсади бо ӯ оила барпо карданро дорад. Дар ин ҳолат Нурова Д. Н., ки дар назди онҳо ҳузур дошт, суханҳои Ғолибов Х. Қ.-ро рад намудааст. Аз шунидани ин суханҳо Нуров Н. Т. ба ғазаб омада, кордро бо дасти росташ гирифта, ба тарафи қисми гардани Ғолибов Х. Қ. ду маротиба зарба мезанад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта Ғолибов Х. Қ. ба ҳалокат расидааст.
Нисбати Нуров Н. Т. аз тарафи шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишӣ пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 30-юми апрели соли 2020 Нуров Нурмуҳаммад Товулович бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шуд”.
Ҷузъиёти бештари ҳодиса дар матлаби «Панҷ: чаро мард хушдори духтарашро кушт?»:
http://farazh.tj/slide/panj-charo-mard-hushdori-duhtarashro-kusht/