Имрӯз вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат мекунад, баргузор шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳо хизмат хоҳанд кард.
Ҷонибҳо зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳоро дар соҳаҳои ояндадори саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориро дар бахши фарҳангию гуманитарӣ муҳокима кардаанд.
Зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя низ муҳокима шудааст.
Сарони ду давлат хостори ҳар чӣ зудтар бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шудаанд.
Дар мулоқот ҳамчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор сурат гирифтааст.