Ташхис дар президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ Мелания сирояти коронавирусро маълум кардааст. Трамп дар ин бора дар саҳифаи Твиттери худ навиштааст.
«Мо фавран қарантин мешавем ва табобатро оғоз мекунем. Мо ҳамроҳ инро пушти сар хоҳем кард”, – гуфтааст президент.
Чанд соат қабл Трамп эълом дошт, ки ӯ ва ҳамсараш ба инзиво мегузаранд, зеро ташхиси мушовири сарвари давлат Ҳоуп Ҳикс сирояти коронавируси COVID-19-ро маълум кардаааст.
“Озмоиши коронавирусии Ҳоуп Ҳикс, ки бе истироҳат ин қадар зиёд заҳмат кашидааст, ба ҳамин наздикӣ натиҷаи мусбат додааст. Даҳшат!”, – навишт чанде пеш Трамп. Вай гуфта буд, ки ӯ ва ҳамсараш аз озмоиши COVID-19 гузаштанд. То омода шудани натиҷаҳои озмоиш, сарвари давлат ва хонуми аввали Иёлоти Муттаҳида дар инзиво қарор хоҳанд гирифт.