Президент Эмомалӣ Раҳмон 18-уми март дар мулоқоти худ бо олимон гуфт, “рисолаҳои доир ба илмҳои гуманитарӣ ҳимояшуда, нисбат ба самтҳои техникӣ ва табиатшиносиву риёзӣ беш аз дуюним баробар зиёд мебошанд”.

То имрӯз дар самти илмҳои гуманитарӣ 385 рисола ҳимоя шуда, дар соҳаи риёзӣ ва техника шумораи рисолаҳои дифоъшуда 160 адад будааст.

Дар ин мулоқот Президент сатҳу сифати ҳимояи баъзе рисолаҳоро шадидан интиқод кард.

– Сатҳу сифати баъзе рисолаҳо ниҳоят паст буда ба талаботи низомномаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумат ҷавобгӯ нест, – ироа намуд Президенти кишвар. – Солҳои охир шахсоне, ки дар соҳаҳои ғайриилмӣ фаъолият карда, дар вазифаҳои масъул роҳбар мебошанд, аз рӯйи ихтисосҳои аз рӯйи фаъолияташон дур рисолаҳои илмӣ таълиф карда, бе навбат ҳимоя мекунанд ва  соҳиби дараҷаҳои илмӣ мегарданд.

Сарвари давлат таъкид намуд: “Дастур медиҳам чунин шахсон аввал ариза навишта, аз вазифаҳояшонозод карда шаванд, сипас ба корҳои илмӣ машғул шуда, рисолаҳояшонро дар доираи талаботи мавҷуда ҳимоя намоянд”.

Дар идомаи суханронӣ Президент аз асардуздии олимон низ ёдовар шуда, омили ин ҳолатро ба камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯяки таълиф намудани рисола марбут донист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь