Дирӯз Президент Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро танзим менамояд, ба имзо расонд.
Қонуни мазкур фурӯш ва истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илмию таълимӣ, биноҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бинои осоишгоҳҳо, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, майдончаҳои кӯдакон даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ менамояд. Инчунин, танзими паҳлуҳои дигари ин масъала дар Қонуни номбурда пешбинӣ карда шудааст.