Президенти Белорус Александр Лукашенко хабар дод, ки котибааш Наталя Эйсмонт дар мудати чанд соли кор бо ӯ, дар соҳаи варзиш чизҳоеро ёд гирифтааст, ки бисёрии варзишгарони ботаҷриба аз уҳдаи он намебароянд.
Ин суханон ҳангоми вохӯрии Лукашенко бо омузгорон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии назди президент дар Минск садо доданд.
Як донишҷӯдухтар аз сарвари давлат хоҳиш кард, ки як рӯз ба ҳайси котибааш фаъолият кунад, то аз нозукии ин касб бархурдор шавад.
Президент ваъда дод, ки як рӯзи мувофиқ ҳатман хоҳишашро ба ҷо меорад ва қайд кард, ки ин кор осон нест.
«Рӯзи кории ман ҳамин хел аст: бегоҳӣ лижаронӣ. Шумо тамошогар нестед. Шумо ҳам кафши лижадор пӯшида аз паси ман медавед. Ин шӯхӣ нест. Аз котибаам пурсед. Он кас ҳамаи инро дар мудати 2-3 соли фаъолияташ ёд гирифтааст. Коре, ки ӯ мекунад, бисёрии варзишгарони бузург карда наметавонанд», – қайд кард Лукашенко.
Наталя Эйсмонт фаъолияташро ҳамчун котибаи президент аз соли 2014 сар кардааст. Пештар хамчун наттоқ дар телевизиони Белорус кор мекард. Ӯ ҳамчун беҳтарин баранда барномаҳои «Хабарҳои ноҳия», «Манзара» ва дигар барномаҳоро пеш мебурд.
Лукашенко қайд кард, ки дар нақшаи корияш бисёр вақт машғулиятҳои варзишӣ ҳастанд. «Агар дар зиндагии шумо варзиш набошад, шумо идоракунанда намешавед. Саломатии инсон пура аз варзиш вобаста аст. Барои ҳамин, на танҳо ман ба варзиш машғул мешавам, балки фарзандонам низ доим бо варзишанд ва ба тамоми шаҳрвандони кишварам низ ин коррро тавсия медиҳам», – иброз дошт президент
Саидамадзода Муҳайё,
донишҷӯ
Аз ин хел впзишх,о муйи тани одпм ба ларзиш меояд.