Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузории иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро фармон дод, ки 23-юми августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Дар ин фармон бар асоси моддаи 52-и Конститусияи кишвар пешниҳоди баррасии тарҳи ислоҳ ва тағйири чанд қонун пешниҳод шудааст. Бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон, намояндагони ниҳоди қонунгузори кишвар бояд тарҳи ислоҳу тағйири қонунҳои танзими ҷашну маросим, муқаррароти давраҳои омӯзишии ҳирфаӣ ва пасаздонишгоҳӣ, марказҳои фаннию ҳирфаӣ, маориф, кодексҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии халқии Чин дар заминаи бунёди бинои нави парламент ва бинои Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ ва тасвиб кунанд.
Айни ҳол вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар таътили тобистона ҳастанд.