Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафт.

Сардори давлат нахуст аз намоиши маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара дидан кард. Сипас, бо ширкати ӯ ба фаъолияти корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Данғара» оғоз бахшида шуда, бинои Кумитаи идораи замини ноҳия, Маркази хизматрасонии «Умед», рамзи «Хӯшаи гандум» ифтитоҳ карда шуданд.

Дар идома, роҳи автомобилгард дар деҳоти Оқсу, муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» дар деҳоти Оқсу боздид кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь