12-уми август дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати корҳои дохилии Туркманистон маросими рӯнамоии китоби нави президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов “Диловарон барои қаҳрамониҳо зода мешаванд” баргузор гардид.
Китоби нави Бердимуҳаммадов ба таърихи Вазорати корҳои дохилии он кишвар ва фаъолияти падари президент Мяликгул Бердимуҳаммадов дар он сохтор бахшида шудааст.
Президенти Туркманистон менависад, ки масири зиндагии падараш барои вай намунаи ибрат ва сифатҳои волои ахлоқии гузаштагон – мактаби зиндагӣ ҳастанд.
Ин китоби навбатии президенти Туркманистон дар бораи аъзои хонаводааш аст. Вай пештар аз ин китоби “Довлет гушӣ”-ро дар бораи падараш ва “Алем ичре ат гезер”-ро дар бораи бобояш Бердимуҳаммад Аннаев навишта буд.
Президенти Туркманистон, ки аз соли 2007 зимоми давлатро дар ихтиёр дорад, муаллифи бештар аз 40 китоб дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла таърих, иқтисод, растаниҳои табобатӣ, анъанаҳои мардуми туркман ва ғайра аст. Танҳо дар соли 2016 вай 7 китоб навишт.
Дар мактабҳои миёнаи Туркманистон аз омӯзгорон талаб мешавад, ки дар дарсҳо аз китобҳои президент иқтибос оранд.